Август 05, 2018 08:30 Asia/Dushanbe
  • Сафари 1 миллиону 400 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ва Узбакистон ба кишварҳои якдигар

Мудири идораи равобити байналмилали вобаста ба ниҳоди раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон аз сафари 1 миллиону 400 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ва Узбакистон ба кишварҳои якдигар тайи шаш моҳи нахусти соли ҷорӣ хабар дод.

Ба гузориши хабаргузории давлатии Ховар, Ғуломҷон Бобоев ин матлабро дар нишасти Бошгоҳи байналмилалии матбуот дар шаҳри Тошканд пойтахти Узбакистон, ки бо ҳузури ҳайати расмии Тоҷикистон баргузор шуд, эълом кард.

Вай сафари бидуни раводиди якмоҳаи шаҳрвандони Тоҷикистон ва Узбакистонро ба кишварҳои якдигар аз муҳимтарин дастоварди дидори моҳи марти соли ҷории Шавкат Мирзиёев раиси ҷумҳурии Узбакистон аз Тоҷикистон унвон кард, ки сабаби густариш равобити ин ду кишвари ҳамсоя шудааст.

Ба гуфтаи вай дар соли 2015 ҳаҷми муомилоти тиҷории Тоҷикистон ва Узбакистон танҳо 12 миллион доллар буд, ки ин шохис дар соли 2017 ва дар пайи беҳбуди равобити ду кишвар ба 126 миллион доллар расид.

Ин дар ҳоле аст, ки ин шохис тайи шаш моҳи нахусти соли ҷорӣ ба 128 миллион доллар расидааст.

Дар нишасти Бошгоҳи байналмилалии матбуот дар шаҳри Тошканд пойтахти Узбакистон, ки бо мушорикати ҳайати расмии Тоҷикистон шомили теъдоде аз вазирон, мақомоти донишгоҳӣ ва намояндагони маҳфилҳои илмӣ, фарҳангӣ ва ҳунарии ин кишвар ва мақомоти Узбакистон баргузор шуд, роҳҳои густариши равобити дуҷониба мавриди баррасӣ қарор гирифт.