Нахустин парвози “Сомон эйр” аз Душанбе ба Бухоро пас аз 26 сол
Ширкати ҳавопаймоии “Сомон эйр” рӯзи шашуми август нахустин парвози худро дар масири Душанбе ба Бухоро пас аз 26 сол анҷом дод.
Ба гузориши сойти ширкати ҳавопаймоии “Сомон эйр”, замони парвоз дар ин масир 45 дақиқа ва қимати билет барои ҳар мусофир 485 сомонӣ (муодили 51 доллар) муқаррар шудааст.
Парвозҳои Душанбе – Бухоро ва Қӯрғонтеппа – Бухоро 26 сол қабл дар моҳи майи соли 1992 ба таври якҷонба аз сӯйи давлати вақти Узбакистон мутаваққиф шуда буд. Ҳафтаи қабл низ ширкат ҳавопаймоии “Тоҷик эйр” нахустин парвози худро пас аз 26 сол дар масири Душанбе – Самарқанд анҷом дод, ки замони парвоз дар ин масир 45 дақиқа ва қимати билет барои ҳар мусофир 684 сомонӣ муқаррар шуда буд. Аммо мақомоти ин ширкат пас аз нахустин парвоз дар масир Душанбе – Самарқанд қимати билет барои ҳар мусофирро аз 684 сомонӣ ба 300 сомонӣ коҳиш доданд, то мӯҷиби ҷазби бештари мусофирон гардад. Бо ин ҳол коршиносон муътақиданд, ки сафари заминӣ аз Душанбе ба Самарқанд ба маротиб арзонтар аст ва аксари мусофирон тарҷеҳ медиҳанд, бо худравҳои шахсӣ ё таксӣ сафар кунанд.
Акнун ба далели беҳбуди равобити Душанбе ва Тошканд дар пайи ба қудрат расидани Шавкат Мирзиёев дар Узбакистон заминаи рафтуомади 30-рӯзаи бидуни раводиди шаҳрвандони ин ду кишвар фароҳам шудааст ва ҳазорон нафар аз ин имкон истифода кардаанд.