Раисҷумҳурии Тоҷикистон ба Озарбойҷон меравад
(last modified Wed, 08 Aug 2018 04:58:36 GMT )
Август 08, 2018 09:58 Asia/Dushanbe
  • Раисҷумҳурии Тоҷикистон ба Озарбойҷон меравад

Раисҷумҳурии Тоҷикистон барои дидор ва гуфтугӯ бо мақомоти ҷумҳурии Озарбойҷон, даҳум ва ёздаҳуми август ба ин кишвар сафар хоҳад кард.

Ба гузориши дафтари матбуотии раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар ин сафар бо Илҳом Алиев, ҳамтои озарӣ ва дигар мақомоти ин кишвар дидор ва роҳҳои густариши равобити дуҷонибаро баррасӣ хоҳад кард.

Дар поёни ин дидорҳо, созишномаҳои ҷадиде дар заминаҳои густариши ҳамкориҳои Тоҷикистон ва ҷумҳурии Озарбойҷон дар бахшҳои иқтисодӣ, тиҷорӣ, ҳамлу нақл, саноат, энержӣ, илмӣ ва фарҳангӣ ба имзо хоҳад расид.

Тоҷикистон ва ҷумҳурии Озарбойҷон дар моҳи майи соли 1992 равобити сиёсӣ барқарор карданд ва Сафорати Тоҷикистон дар Боку дар соли 2008 ифтитоҳ шуд.

Ин ду кишвар дар чорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақаие монанди Созмони Милали Муттаҳид, Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо, ИДМ ва Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодии ЭКО дар бисёре аз масоил ҳамкории наздик доранд.

Тайи ин муддат беш аз 30 созишномаи ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва ҷумҳурии Озарбойҷон дар бахшҳои иқтисодӣ, тиҷорӣ, ҳамлу нақл, саноат, энержӣ, гумрукӣ, бонкӣ, сармоягузориҳои муштарак, илмӣ ва фарҳангӣ ба имзо расидааст.

Мизони муомилоти тиҷорӣ миёни Тоҷикистон ва ҷумҳурии Озарбойҷон дар соли 2016 наздик ба 16 миллион доллар эълом шудааст.