Август 09, 2018 09:37 Asia/Dushanbe
  • Ҳимояти Тоҷикистон аз судури “раводиди абрешимӣ” миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ

Раиси Кумитаи равобити байналмилал, созмонҳои иҷтимоӣ ва иттилоърасонии Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон аз судури раводиди муштарак барои гардишгарони хориҷӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ мавсум ба “раводиди абрешим” ҳимоят кард.

Ба гузориши дафтари матбуотии Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, Олим Салимзода ба тавофуқи Узбакистону Қазоқистон мабнӣ бар судури раводиди муштарак барои гардишгарони Осиёи Марказӣ мушобеҳи раводиди Шенген, ки “раводиди абрешимӣ” унвон мешавад, ишора кард. Ӯ гуфтааст, Тоҷикистон аз судури ин раводид ҳимоят мекунад. Ӯ таъкид кардааст, ҳукумат ва парлумони Тоҷикистон ҳомии афзоиши вуруди гардишгарони хориҷӣ ба ин кишвар ҳастанд ва амалӣ шудани ин тарҳ рафтуомади ин афродро хеле осон месозад.

Бар асоси ин тарҳ, гардишгарони хориҷӣ бо дарёфти раводиди сафари яке аз кишварҳои Осиёи Марказӣ метавонанд бидуни мумониат ба соири ҷумҳуриҳои ин минтақа низ ворид шаванд, зеро мавонеи сафари гардишгарони хориҷӣ ба кишварҳои Осиёи Марказӣ бардошта хоҳад шуд. Ин иқдом заминасози рушди бахши гардишгарӣ ва афзоиши даромади молии фаровони барои буҷаи ҳукуматҳои ҷумҳуриҳои ин минтақа хоҳад шуд. Ҳамчунин мақомоти Қирғизистон хостори пайвастан ба ин тарҳ шудаанд, ки дар сурати ниҳоӣ шудани он метавонад заминаи сафари гардишгарони хориҷӣ ба ин чаҳор кишвар бо доштани раводиди вуруд ба яке аз ин ҷумҳуриҳоро фароҳам созад.