Август 09, 2018 10:43 Asia/Dushanbe
  • Сабабҳои варшикастагии бахши хусусӣ дар Тоҷикистон

Тайи шаш моҳи нахусти соли ҷорӣ беш аз 107 корхона ва коргоҳи мутааллиқ ба бахши хусусӣ дар Тоҷикистон варшикаст шудааст, ки дар мавриди иллатҳои ин иттифоқ миёни мақомоти давлатӣ ва моликони ин марокизи тавлидӣ ихтилоф назар вуҷуд дорад.

Ба гузориши хабаргузории “Азия плюс”, моликони ин корхонаҳо молиёти сангин, таҳқиқу тафтиши ниҳодҳои назоратӣ ва суди болои қарзҳои бонкиро иллатҳои умдаи ин мушкил донистаанд. Аммо мақомоти масъули ҳукуматӣ мегӯянд, моликони ин корхонаҳо аз тавони рақобат бо соири тавлидкунандагон бархурдор нестанд, ки мӯҷиби қатъи фаъолияти ин марокизи саноатӣ мешавад.

Ба таври ҳамзамон Сумангул Тағойзода, вазир кор ва муҳоҷират, Фаррух Ҳамроҳализода, раиси Кумитаи давлатии мудирияти амвол ва сармоягузорӣ, Нусраталлоҳ Давлатзода, раиси Кумитаи давлатии молиёти Тоҷикистон дар нишастҳои хабарӣ дар шаҳри Душанбе аз қатъи фаъолияти беш аз 107 корхона тайи шаш моҳи нахусти имсол дар ин кишвар ибрози нигаронӣ кардаанд. Ба гуфтаи онҳо, ин амр мӯҷиби афзоиши теъдоди афроди бекор мешавад. Дар ҳамин ҳол, иқтисоддонони мустақил дар ин замина таъкид мекунанд, вуҷуди молиёти сангин, суди болои қарзҳои бонкӣ, мудохила ва таҳқиқу тафтиши ниҳодҳои назоратӣ, фасоди молӣ ва ришвахорӣ, ҳимоя накардани давлат аз бахши хусусӣ сабаби аслии варшикаст шудани корхона ва коргоҳи мутааллиқ ба ин фаъолон дар Тоҷикистон мешавад.