Август 10, 2018 21:24 Asia/Dushanbe
  • Имзои 12 санади ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва ҷумҳурии Озарбойҷон дар Боку

Да пайи музокироти ҳайатҳои Тоҷикистон ва ҷумҳурии Озарбойҷон дар Боку, ба раёсати Эмомалӣ Раҳмон ва Илҳом Алиев, 12 санади ҳамкорӣ миёни ин ду кишвар ба имзо расид.

Ба гузориши дафтари матбуотии раисиҷумҳури Тоҷикистон, ҳайатҳои ду кишвар дар поёни дидор ва гуфтугӯҳо дар шаҳри Боку, 12 санади ҳамкорӣ дар бахшҳои мухталиф ба имзо расонданд.

Ин санадҳо шомили баёнияи сиёсии раисони ҷумҳурии ду кишвар, созишномаи ҳамкорӣ миёни Кумитаи давлатии мудирияти амвол ва сармоягузории Тоҷикистон ва сандуқи рушди содироти Озарбойҷон, созишномаи ҳамкорӣ миёни Ширкати алюминии Тоҷикистон ва ширкати саноати ҷумҳурии Озарбойҷон,  созишномаи ҳамкорӣ миёни кумитаҳои давлатии радио ва телевизиони Тоҷикистон ва Озарбойҷон  созишномаи омӯзиши марзбонони тоҷик аз сӯи хадамоти марзбонии Озарбойҷон ва ҳамкорӣ миёни кумитаҳои давлатии амнияти миллии ду кишвар,  созишномаи ҳамкорӣ миёни хадамоти домпизишкии ду кишвар, созишномаи пазириши донишҷӯёни тоҷик дар донишгоҳҳои ҷумҳурии Озарбойҷон ва ҳамкории вазоратҳои улум ва маорифи ду кишвар мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, ки барои сафари ду рӯза ва дидор бо мақомоти ҷумҳурии Озарбойҷон имрӯз(10.08,2018) ваориди Боку шуда буд, бо Илҳои Алиев ҳамтои озарии худ, раиси Маҷлиси миллӣ ва нахуствазири ин кишвар гуфтугӯ ва роҳҳои густариши равобити дуҷонибаро мавриди баррасӣ қарор додю