Август 11, 2018 12:16 Asia/Dushanbe
  • Дархости шаҳрдори Душанбе барои баррасии фаъолияти як ширкати сохтмонӣ

Ба дастури шаҳрдори Душанбе, додситонӣ фаъолияти як ширкати сохтмониро дар ин шаҳр баррасӣ мекунад.

Ба гузориши дафтари матбуоти шаҳрдори Душанбе, Рустами Эмомалӣ бо ироаи асноди лозим ба додситонӣ, хостори баррасии фаъолияти ширкати давлатии «Манзили дастрас» шуд.

Ба гузориши манбаъ, дар натиҷаи санҷиши фаъолияти «Манзили дастрас» аз сӯйи мақомоти шаҳрдорӣ, мушаххас шудааст, ки мақомоти ин ширкат қисмате аз маблағи дарёфтӣ аз мардумро ба ҳисоби ин ширкат ворез накардаанд.

Ба ин далел шаҳрдори Душанбе асноди лозимро ба додситонӣ ирсол ва тақозои баррасии ин қазияро дар додситонӣ кардааст.

Ширкати давлатии «Манзили дастрас» дар замони фаъолияти Муҳаммадсаид Убайдуллоев - ба унвони шаҳрдори Душанбе, бо ҳадафи ҳимоят аз манофеи масрафкунандагон ва сохтусози модерни маскан дар пойтахти Тоҷикистон таъсис шудааст.

Аммо дар соли 2017 раисҷумҳури Тоҷикистон аз Ожонси давлатии мубориза бо фасоди молӣ дархост кард то фаъолияти ин ширкати давлатиро мавриди баррасӣ қарор диҳад.