Ҷарима барои исроф дар суфраҳои Иди Қурбон дар Тоҷикистон
(last modified Tue, 14 Aug 2018 04:46:51 GMT )
Август 14, 2018 09:46 Asia/Dushanbe
  • Ҷарима барои исроф дар суфраҳои Иди Қурбон дар Тоҷикистон

Кумитаи давлатии умури дин ва танзими ҷашну маросими Тоҷикистон ба шаҳрвандони ин кишвар ҳушдор додааст, дар сурати исроф дар оростани суфраҳои Иди Қурбон панҷ ҳазор сомонӣ ҷарима хоҳанд шуд.

Ба гузориши “ТоҷикТА”, мақомоти ин кумита гуфтаанд, дар рӯзи Иди Қурбони имсол гурӯҳҳои назоратии муташаккил аз кормандони ин ниҳод ба таври тасодуфӣ аз хонаҳои мардум боздид ва дар сурати мушоҳидаи исрофкорӣ дар оростани суфраҳои идона соҳибони ин хонаҳоро ҷаримаи молӣ хоҳанд кард. Онон муътақиданд, ин иқдом ба нафъи шаҳрвандони ин кишвар аст ва аз афзоиши қимати маводи ғизоӣ, мева ва ширинӣ дар остонаи фаро расидани Иди Қурбон дар бозорҳои кишвар ҷилавгирӣ хоҳад кард. Таҷрибаи чунин иқдоме дар Иди Қурбон порсол нишон дод, метавон дар остонаи фаро расидани ин ид аз афзоиши қиматҳо дар бозорҳои Тоҷикистон ҷилавгирӣ кард. Аз ин рӯ, ба хонаводаҳои тоҷик тавсия шудааст, барои оростани суфраҳои рӯзи Иди Қурбон аз кулча ва ширинии хонагӣ истифода ва аз харидҳои гаронқимат аз бозорҳо худдорӣ кунанд.

Афшин Муқим, сухангӯи Кумитаи давлатии умури дин ва танзими ҷашну маросими Тоҷикистон бо радди иддаои бархе аз коршиносон, ки чунин иқдомро мудохила дар умури хусусии шаҳрвандон унвон мекунанд, гуфтааст, қонун ҳомии адолати иҷтимоӣ ва мунтабиқ бо манофеи мардум аст.