Тоҷикистон ирсоли паёмакҳои таҳдидомез аз сӯи Ҳалимовро рад кард
Масъулони Вазорати корҳои дохила, Кумитаи марзбонӣ ва Додситонии кулли Тоҷикистон хабари ирсоли паёмаки таҳдидомез аз сӯи Гулмурод Ҳалимовро барои низомёни ин кишвар рад карданд.
Ба гузориши расонаҳои маҳаллӣ, ин се ниҳоди сиёсӣ-амниятии Тоҷикистон эълом кардаанд, ки баррасиҳо нишон медиҳад, то кунун ҳеҷ афсар ва ё сарбоз аз ин полковники фирории тоҷик паёмаке дарёфт накардааст.
Дар ҳамин ҳол мақомоти низомӣ ва интизомии тоҷик гуфтаанд, ки таҳқиқ дар бораи ин мавзӯъ идома дорад ва аз сарбозони артиш хоста шудааст, ки дар сурати дарёфти ҳар гуна паёмак, мақомотро огоҳ кунанд.
Рӯзи гузашта хабаргузории Рейтер аз қавли манобеи низомии Тоҷикистон хабар дода буд, ки ахиран неруҳои низомии тоҷик аз полковник Гулмурод Ҳалимов, ки гуфта мешавад ба симати вазири ҷанги гурӯҳи террористии ДИИШ таъйин шудааст, паёмак дарёфт кардаанд.
Полковник Ҳалимов дар ин паёмакҳо таҳдид кардааст, ки ба муносибати солгарди истиқлоли Тоҷикистон табрики вижае барои низомёни тоҷик ирсол хоҳад кард.