Ҳаштод дарсади пули нақд дар Тоҷикистон дар дасти мардум аст
(last modified 2018-08-15T04:54:07+00:00 )
Август 15, 2018 09:54 Asia/Dushanbe
  • Ҳаштод дарсади пули нақд дар Тоҷикистон дар дасти мардум аст

Бонки Ҷаҳонӣ дар тозатарин таҳқиқи худ эълом кард, 80 дарсади пули нақд дар Тоҷикистон хориҷ аз низоми бонкӣ ва молии ин кишвар ва дар дасти мардум аст.

Ба гузориши сомонаи Тоҷик ТА, аз нигоҳи Бонки Ҷаҳонӣ бештари мардуми ин кишвар ба далели беэътимодӣ ба низоми бонкии Тоҷикистон тарҷеҳ медиҳанд, ки манобеи молии худро монанди даврони гузашта дар хона нигаҳдорӣ кунанд.

Бар асоси гузориши Бонки Ҷаҳонӣ, дар кишварҳое, ки коргари муҳоҷир ба хориҷ мефиристанд, мизони нигаҳдории даромади ирсолии онон дар бонкҳои кишварашон 15 дарсад аз тавлиди нохолиси миллии ин кишварҳоро ташкил медиҳад, дар ҳоле ки дар Тоҷикистон ин шохис ба чаҳор садуми дарсад мерасад.

Нуриддин Қайюмов, коршиноси умури иқтисод дар Тоҷикистон мегӯяд, тайи 20 соли ахир ба далели иқдомоти ғайримантиқии бонкҳои ин кишвар, мардум ду бор дороиҳои худро аз даст доданд ва ба ин далел дигар ба низоми бонкии кишварашон эътимод надоранд.

Бори нахуст дар даврони пас аз истиқлол, ки дороиҳои мардум дар бонкҳо сӯхт ва ба онон чизе пардохт нашуд ва бори дувум дар соли 2015, ки марҳалаи дувуми буҳрони молӣ дар бонкҳои Тоҷикистон оғоз шуд ва муштариён акнун наметавонанд супурдаҳои худро дарёфт кунанд.

Имрӯз ҳатто бонкҳои бузурге ҳамчун “Тоҷиксодиротбонк” тавони бозпардохти пули муштариёнашонро надоранд ва мардум барои дарёфти пулҳои ба амонатгузоштаи худ саргардон ҳастанд.

Ба ин далел бештари мардуми Тоҷикистон бидуни эътино ба ваъдаи масъулони бонкҳо дар мавриди зарурати ҳифзи пул дар бонк, тарҷеҳ медиҳанд, ки сармояи худро дар сандуқҳо ва зери болиш дар хона ҳифз кунанд.