Воридоти 260 ҳазор тон маводи сӯхт ба Тоҷикистон аз ибтидои сол
(last modified Sat, 18 Aug 2018 09:24:21 GMT )
Август 18, 2018 14:24 Asia/Dushanbe
  • Воридоти 260 ҳазор тон маводи сӯхт ба Тоҷикистон аз ибтидои сол

Дар моҳҳои январ то июли соли ҷории мелодӣ ҳудуди 260 ҳазор тон маводи сӯхт ба арзиши 180.9 миллион доллар ба Тоҷикистон ворид шудааст.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, ба таври миёна қимати ҳар як тон маводи сӯхти воридшуда ба ин кишвар 696 доллар буда, ки дар муқоиса бо замони мушобеҳи соли гузашта 134 доллар гаронтар аст.

Агарчӣ тайи ин муддат Тоҷикистон маводи сӯхтро аз кишварҳои мухталиф, аз ҷумла Русия, Туркманистон ва дигар кишварҳо ворид карда, аммо Маскав ҳамчунон содиркунандаи аслии маводи сӯхт ба бозори ин кишвар аст.

Содироти гази моеъ ба бозори Тоҷикистон тайи ин муддат 219.1 ҳазор тон ва ба арзиши 101.3 миллион доллар буда ва Душанбе ба таври миёна ҳар як тон гази моеъ дар соли ҷориро монанди соли гузашта бо қимати 463 доллар харидорӣ кардааст.

Дар соли гузаштаи мелодӣ ин кишвар 206 ҳазор тон газ ба маблағи 92.6 миллион доллар ворид кардааст.

Воридкунандаи аслии гази моеъ ба бозори Тоҷикистон монанди солҳои қабл ҳамчунон Қазоқистон аст.

Бино ба омори Вазорати рушди иқтисод ва тиҷораи Тоҷикистон, дар ҳоли ҳозир беш аз 60 дарсади васоили нақлиёт бо системаи сӯхти газӣ муҷаҳҳаз ҳастанд.

Дар нимаи дувуми моҳи июли соли ҷорӣ дар Тоҷикистон қимати маводи сӯхт, аз ҷумла гази моеъ, бензин ва дизел ба таври қобили таваҷҷуҳе афзоиш ёфтааст.

Ожонси зиддиинҳисории ин кишвар он замон яке аз далоили афзоиши қимати маводи сӯхт дар Тоҷикистонро бо афзоиши қимати он дар бозори маводи сӯхт ва кишварҳои содиркунандаи ин навъи маҳсулот муртабит донист.