Аҳаммияти бозсозии таҷҳизоти нерӯгоҳи барқӣ обии Норак
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i37453-Аҳаммияти_бозсозии_таҷҳизоти_нерӯгоҳи_барқӣ_обии_Норак
Муовини мудири нерӯгоҳи барқӣ обии Норак гуфтааст, ки бо бозсозии таҷҳизоти ин нерӯгоҳ, Тоҷикистон ба бузургтарин содиркунандаи барқ ба кишварҳои Осиёи Марказӣ табдил хоҳад шуд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Август 19, 2018 09:11 Asia/Dushanbe
  • Аҳаммияти бозсозии таҷҳизоти нерӯгоҳи барқӣ обии Норак

Муовини мудири нерӯгоҳи барқӣ обии Норак гуфтааст, ки бо бозсозии таҷҳизоти ин нерӯгоҳ, Тоҷикистон ба бузургтарин содиркунандаи барқ ба кишварҳои Осиёи Марказӣ табдил хоҳад шуд.

Ба гузориши хабаргузории Спутник, Саидшоҳ Абдуллоев бо ишора ба вогузории кори бозсозии таҷҳизоти нерӯгоҳи барқӣ обии Норак ба ширкати олмонӣ ва утришии “Andritz” гуфтааст, ки бо таъвизи 9 турбина ва таҷҳизоти асосии ин нерӯгоҳ, тайи 10 соли оянда, зарфияти тавлиди барқ 12 дарсад афзоиш хоҳад ёфт.

Аз ин рӯ, неругоҳи барқӣ обии Норак, ки 70 дарсад аз барқи мавриди ниёзи Тоҷикистонро тавлид мекунад, пас аз поёни бозсозии таҷҳизотӣ аз зарфияти тавлиди 11 миллиард киловатт /соат барқ дар сол бархӯрдор мегардад, ки тавони содироти барқ ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Афғонистонро низ афзоиш хоҳад дод. Вай таъкид кардааст, ки дар ҳоли ҳозир Тоҷикистон аз неруӯгоҳи барқӣ обии Норак ба Афғонистон, Узбакистон ва Қирғизистон барқ содир мекунад. Ба таври ҳамзамон сохти хутути ҷадиди интиқоли барқ аз Тоҷикистон ба Узбакистон идома дорад, ки имкон медиҳад заминаи содироти 1 ҳазору 200 мегаватт/барқ ба кишвари ҳамсоя фароҳам гардад. Нерӯгоҳи барқӣ обии Норак бо 9 турбина ва сади хокии 300 метрӣ, аз 46 сол қабл фаъол шудааст, токунун ниёз ба бозсозӣ ва таъвизи турбина ва таҷҳизоти асосӣ дорад. Мақомоти давлати Тоҷикистон қаблан эълом карда буданд, барои бозсозӣ ва навсозии таҷҳизоти нерӯгоҳи барқӣ обии Норак ба беш аз 600 миллион доллар ниёз доранд.

Ба иллати саҳми 70 дарсадии нерӯгоҳи Норак дар таъмини барқи масрафии Тоҷикистон, токунун кишварҳо ва муассисоти молии байналмилалии зиёде аз ҷумла Бонки Ҷаҳонӣ ва Бонки Рушди Осиё барои ироаи кумаки молӣ ба бозсозии он, эъломи омодагӣ кардаанд.