Паёми табрики раисиҷумҳури Тоҷикистон ба муносибати Иди саиди Қурбон
Раисиҷумҳури Тоҷикистон ба мардуми кишвараш ба муносибати Иди саиди Қурбон табрик гуфт.
Матни паёми табрики Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистонро имрӯз хабаргузории Ховар мунташир карда, ки дар он ҷанбаҳои маънавӣ ва инсонии Иди саиди Қурбон мавриди таъкид қарор гирифтааст.
Эмомалӣ Раҳмон дар бахше аз ин паём гуфтааст: “Бисёр муҳим аст, ки дар доираи баргузор намудани иди Қурбон бояд арзишҳои неки инсониву маънавӣ, аз қабили рафтору кирдору аъмоли нек, дӯстиву рафоқат, созандагиву ободкорӣ, омӯзиши илму маърифат, таҳаммулгароиву покии забон ва дигар хислатҳои ҳамида бояд мунтазам талқин карда шаванд..”
Эмомалӣ Раҳмон дар паём худ ба ояе аз Қуръони маҷид ишора карда, ки дар он Худованд фармудааст: «Эй касоне, ки имон овардаед, аз покизаҳои он чӣ шумо ба даст овардаед ва аз покизаҳои он чӣ барои шумо аз замин берун овардаем, харҷ кунед».
Раиси ҷумҳури Тоҷикистон ҳамчунин таъкид намуд: “Итминон дорам, ки шахсони ҳимматбаланду саховатпеша тибқи фармудаҳои Худованди мутаол дар ин рӯзи муборак дасти хайру сахо ва кумаку дастгирии худро аз ятимону маъюбон, бепарасторону муҳтоҷон ва оилаҳои камбизоат дареғ намедоранд ва бо ҳамин роҳ соҳиби савоби зиёд мегарданд.”
Дар ин паём ҳамчунин ба зарурати ҷилавгирӣ аз пайвастани ҷавонон ба гурӯҳ ва ҷараёнҳои ифротии динӣ, таъкид шудааст.
Дар Тоҷикистон фардо 21 август, рӯзи Иди саиди Қурбон аст.