Август 23, 2018 12:22 Asia/Dushanbe
  • Оғози размоиши нерӯҳои низомии Созмони ҳамкории Шанҳай дар Русия

Размоиши муштараки нерӯҳои низомии Созмони ҳамкории Шанҳай дар вилояти Челябински Русия оғоз шуд.  

Ба нақл аз Авесто, аз чаҳоршанбе размоиши муштараки нерӯҳои низомии Созмони ҳамкории Шанҳай ба унвони "Маъмурияти сулҳомез- 2018" дар размоишгоҳи Челябински вилояти Чебаркули Русия оғоз шуд.  

Александр Лапин, фармондеҳи ҳавзаи низомии марказии Русия эълом кард, дар ин размоиш ҳудуди се ҳазор нерӯи ягонҳои пиёдаи низом ва ягонҳои ҳавоии нерӯҳои низомии Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Чин, Ҳинд ва Покистон ширкат мекунанд.  

Дар ин размоиш ҳамчунин аз 500 дастгоҳи таҷҳизоти низомӣ истифода мешавад ва шуморе аз низомиёни Узбакистон низ ба унвони нозир дар ин размоиш ҳузур доранд.