Хайрулло Мирсаидов: Мубориза барои исботи бегуноҳиамро идома медиҳам
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i37558-Хайрулло_Мирсаидов_Мубориза_барои_исботи_бегуноҳиамро_идома_медиҳам
Хайрулло Мирсаидов, рӯзноманигор ва роҳбари дастаи «КВН Тоҷикистон», ки бо қарори суди вилояти Суғд рӯзи 22 август аз зиндон озод шуд, изҳор намуд, ки муборизаро барои исботи бегуноҳиаш идома медиҳад.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Август 23, 2018 08:34 Asia/Dushanbe
  • Хайрулло Мирсаидов: Мубориза барои исботи бегуноҳиамро идома медиҳам

Хайрулло Мирсаидов, рӯзноманигор ва роҳбари дастаи «КВН Тоҷикистон», ки бо қарори суди вилояти Суғд рӯзи 22 август аз зиндон озод шуд, изҳор намуд, ки муборизаро барои исботи бегуноҳиаш идома медиҳад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, дар мақомоти болоии Тоҷикистон исрор хоҳам варзид, ки ҳамаи айбномаҳо нисбати ман бекор шавад, - изҳор дошт Мирсаидов. – Мувофиқи ҳукми суди шаҳри Хуҷанд ва қарори ҳайати мушовара (коллегия)-и суди вилояти Суғд то ҳол ман ҷинояткорам, ҳарчанд ба қонуншиканӣ даст назадаам, ман ба ин розӣ нестам, ҳатман шикоят хоҳам бурд.

Ёдрас мекунем, ки бо қарори ҳайати мушовараи суди вилояти Суғд аз 22 август, Хайрулло Мирсаидов аз толори суд озод карда шуд.

Суди вилоят ҷазо нисбати Мирсаидовро аз рӯи ҳамаи се модда, ки қаблан тибқи онҳо ба ӯ аз ҷониби суди шаҳри Хуҷанд айбнома пешниҳод шуда буд, тағйир дод.

Аз ҷумла моддаҳои 245 ва 345 (маҳрумият аз озодӣ) ба ҷарима дар ҳаҷми наздики 80 ҳазор сомонӣ ва моддаи 346 Кодекси ҷиноии Тоҷикистон ба корҳои ислоҳӣ иваз карда шуданд.

Иҷрои корҳои ислоҳӣ маънои онро дорад, ки Хайрулло Мирсаидов дар ҷойи дилхоҳаш кор карда метавонад ва 20% аз ҳаҷми музди меҳнаташро муддати 2 сол ба буҷети давлатӣ пардохт мекунад.