Август 25, 2018 09:53 Asia/Dushanbe
  • Даъват аз кишварҳои минтақа барои истифодаи муштарак аз оби кӯли “Сарез”

Раисҷумҳурии Тоҷикистон аз сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ хост, барои истифодаи муштарак аз захоири оби кӯли “Сарез” ба манзури беҳбуди авзои зистмуҳитии минтақа ва наҷоти кӯли “Арал” барномарезӣ кунанд.

Ба гузориши дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ин мавзӯро дар нишасти сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар шаҳри Туркманбошии Туркманистон, ки ба муносибати биступанҷумин солгарди таъсиси Бунёди байналмилалии наҷоти кӯли “Арал” баргузор шуд, матраҳ кард.

Вай таъкид кард, тағйироти иқлим ба далели гарм шудани ҳаво боиси аз байн рафтани 30 дарсад аз ҳаҷми умумии пиряхҳои табиии Тоҷикистон тайи даҳаҳои ахир шудааст.

Аз ин рӯ, ҳамзамон бо зарурати таваҷҷуҳ ба масоили зистмуҳитӣ дар минтақа, бояд барои истифода аз зарфияти оби кӯли “Сарез” дар Тоҷикистон ба манзури таъмини оби мавриди ниёзи мардуми кишварҳои Осиёи Марказӣ низ иқдом кард.

Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин хостори истифода аз захоири оби кишварҳои болооби Осиёи Марказӣ барои сохти нерӯгоҳҳои обии ҷадид ва таъмини ниёзи физояндаи минтақа бо барқ шуд.

Дар нишасти раисони ҷумҳурии панҷ кишвари Осиёи Марказӣ дар шаҳри Туркманбошии Туркманистон, роҷеъ ба авзои муҳити зисти минтақа ва фаъолияти Бунёди байналмилалии наҷоти кӯли “Арал” барои пешгирӣ аз идомаи хушк шудани ин кӯл баҳсу табодули назар шуд.