Август 26, 2018 09:55 Asia/Dushanbe
  • Васоили нақлияи Узбакистон аз пардохти аворизи гумрукӣ  дар Тоҷикистон озод шуданд

Бар асоси фармони раисиҷумҳури Тоҷикистон автобусҳои мусофирбарӣ, худравҳои шахсӣ ва микроавтобусҳои узбакистонӣ, ҳангоми вуруд ва убур аз қаламрави Тоҷикистон аз пардохти аворизи гумрукӣ, муоф шуданд.

Ба гузориши Спутник, ин тасмим танҳо ба василаҳои нақлиётии Узбакистон иртибот дорад ва ронандагони дигар кишварҳо муваззаф ба пардохти аворизи гумрукӣ дар гузаргоҳҳои вурудӣ ба Тоҷикистон ба маблағи 25 доллар барои ҳар як василаи нақлия мебошанд.

Ин иқдом дар чорчӯби амалӣ шудани созишномаҳои ҷадиди ҳамкории Тоҷикистон ва Узбакистон арзёбӣ мегардад, ки ахиран дар ҷараёни нахустин сафари расмии Эмомалӣ Раҳмон ба Тошканд пас аз ба қудрат расидани Шавкат Мирзиёев, раисиҷумҳури Узбакистон ба имзо расидааст. Мизони аворизи вурудӣ ба Тоҷикистон, ки бояд ронандагони васоили нақлия ихориҷӣ пардохт кунанд, 25 доллар муқарар шудааст. Аммо теъдоде аз ронандагон аз кишварҳои хориҷӣ ахиран шикоят кардаанд, ки маъмурони гумрукҳои Тоҷикистон ҳамгоми вуруд ба ин кишвар маблағи бештар (75 доллар) талаб мекунанд. Ба ин далел, Хадамоти давлатии гумруки Тоҷикистон аз ронандагони хориҷӣ дархост кардааст, ки дар сурати мушоҳидаи ин маворид бо тамос гирифтан бо кормандони масъули ин ниҳод, мавзӯро дар миён бигузоранд.

Аз сӯи дигар Антон Максимов, коршиноси руси умури ҳамлу нақл гуфтааст, ки танҳо роҳи мубориза бо аххозии маъмурони дар гумрукҳои Тоҷикистон забти ин маворид тавассути телефони ҳамроҳ ва ирсоли ин навор ба Хадамоти давлатии гумруки ин кишвар мебошад.