Мӯътаризон ба афзоиши нархи сим-корт: Бег Сабурро барканор кунед!
(last modified 2018-08-26T09:36:31+00:00 )
Август 26, 2018 14:36 Asia/Dushanbe
  • Мӯътаризон ба афзоиши нархи сим-корт: Бег Сабурро барканор кунед!

Як гурӯҳ аз сокинони шаҳри Панҷакент дар номае хитоб ба раисиҷумҳур ва масъулони Тоҷикистон, хостори барканории Бег Сабур, раиси Хадамоти алоқаи ин кишвар шуданд.

Ба гузориши сомонаи Ахбор, дар ин нома идомаи фаъолияти раиси Хадамоти алоқа ба зарари мардум унвон ва таъкид шудааст, фаъолияти ин масъул ҳеҷ таъсире бар коҳиши фаъолияти терроризм надорад.

Дар матни ин нома омодааст:

Ба асосгузори сулҳу вахдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

Ба раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров

Ба Прокурори генералии ҶТ Юсуф Раҳмон

Ба раиси дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ Озода Раҳмон

 

МУРОҶИАТНОМА

Мо як гуруҳсокинони шаҳру деҳоти Панҷакент аз ҳуқуқи конститутсионии худ истифода бурда аз Шумо хоҳиш менамоем муроҷиати моро ҳарчӣ зудтар баррасӣ намоед.

Таи чанд рӯз мешавад ки бо як фармоиши Раиси Хадамоти алоқа Бег Сабур мо мардум ба дод омада, сарсону саргардон гаштаем.Наход нархи як сим-корт 250сомонӣ шавад ҳол он ки дар тамоми дунё сим-кортҳо ройгон дода мешавад?

Муҳтарам Пешвои муаззами миллат! Инро бибинед ки як қарори баровардаи Бег Сабур сабаби нобоварии мардум ба давлат гаштааст.

Сабаби боло бурдани нархи сим-кортро пешгирӣ аз терроризму экстремизм унвон кардаанд. Шумо, Пешвои миллат ва тамоми миллат медонанд, ки боло бурдани нарх барои пешгирӣ кардан аз амалҳои террористиву экстремистӣ сабаб шуда наметавонад, зеро террористон барои расидан ба мақсадҳои нопокашон миллионҳо доллар сарф мекунанд.

Ин қарори Б.Сабур боиси хароҷоти зиёди мардум гаштааст.Мо ба Шумо боварӣ дорем Пешвои миллат ва аз Шумо мехоҳем ки ин қарор бекор карда шуда, Бег Сабур аз вазифааш озод карда шавад.

Бо умеди пойдории адолат, сокинони Панҷакент