Ифтитоҳи муассисаи таҳсилотӣ дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе
Эмомалӣ Раҳмон ҳамроҳи Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт, муассисаи таҳсилоти умумии шумораи 55-ро ифтитоҳ кард.
Ба гузориши дафтари матбуотии раисҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмон аз ин муассисаи ҷадиди омӯзишӣ боздид кард ва бо шароиту имконоти он ҷо ошно шуд. Бинобар иттилои манбаъ, корҳои сохтусози ин муассиса моҳи майи соли 2017 оғоз шуд ва сохти он бештар аз як сол тӯл кашид. Ин сохтмон мутобиқ бо стандартҳои рӯз ва бо меъмории мудерн, бо кайфияти боло сохташуда ва синфҳои он мутобиқ ба технология ва таҷҳизоти навин бунёд шудааст. Ин муассисаи таълимӣ барои таҳсили 3500 донишомӯз дар назар гирифта шуда ва дар масоҳати наздик ба ду ҳектар бунёд шудааст.
Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳ донишомӯзонро ба омӯзиши ҳамаҷонибаи дарсҳои гуногун, бахусус ёдгирии забонҳои хориҷӣ даъват кард ва ба омӯзгорон дастур дод, ки дар таълиму тарбияти насли ҷадид ҷиддӣ бошанд.