Такзиби шоеаи истифодаи Русия ва Ҳинд аз фурӯдгоҳи Айнӣ
(last modified Tue, 28 Aug 2018 12:19:58 GMT )
Август 28, 2018 17:19 Asia/Dushanbe
  • Такзиби шоеаи истифодаи Русия ва Ҳинд аз фурӯдгоҳи Айнӣ

Як мақоми Вазорати мудофиаи Тоҷикистон гуфт: Душанбе бо ҳеҷ кишваре тавофуқномае барои истифодаи муштарак аз фурудгоҳи Айнӣ имзо накардааст.

Ба нақл аз Форс, ин фард , ки хост номаш эълом нашавад, гуфт: Ин фурудгоҳ дар ихтиёри Тоҷикистон боқӣ мемонад ва ахбори бархе расонаҳо дар хусуси иҷора додан ё истифодаи муштарак бо Русия, Ҳинд ё ҳар кишвари дигаре беасос аст.  

Вай гуфт: Бинобар тавофуқоти мавҷуд, аз фурудгоҳи Айнӣ фақат метавон ба унвони майдоне барои баргузории тамриноти муштараки кишварҳои узви Созмони паймони амнияти ҷамъӣ ё нерӯҳои мусаллаҳи Русия ва Тоҷикистон истифода кард.