Такзиби шоеаи истифодаи Русия ва Ҳинд аз фурӯдгоҳи Айнӣ
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i37681-Такзиби_шоеаи_истифодаи_Русия_ва_Ҳинд_аз_фурӯдгоҳи_Айнӣ
Як мақоми Вазорати мудофиаи Тоҷикистон гуфт: Душанбе бо ҳеҷ кишваре тавофуқномае барои истифодаи муштарак аз фурудгоҳи Айнӣ имзо накардааст.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Август 28, 2018 17:19 Asia/Dushanbe
  • Такзиби шоеаи истифодаи Русия ва Ҳинд аз фурӯдгоҳи Айнӣ

Як мақоми Вазорати мудофиаи Тоҷикистон гуфт: Душанбе бо ҳеҷ кишваре тавофуқномае барои истифодаи муштарак аз фурудгоҳи Айнӣ имзо накардааст.

Ба нақл аз Форс, ин фард , ки хост номаш эълом нашавад, гуфт: Ин фурудгоҳ дар ихтиёри Тоҷикистон боқӣ мемонад ва ахбори бархе расонаҳо дар хусуси иҷора додан ё истифодаи муштарак бо Русия, Ҳинд ё ҳар кишвари дигаре беасос аст.  

Вай гуфт: Бинобар тавофуқоти мавҷуд, аз фурудгоҳи Айнӣ фақат метавон ба унвони майдоне барои баргузории тамриноти муштараки кишварҳои узви Созмони паймони амнияти ҷамъӣ ё нерӯҳои мусаллаҳи Русия ва Тоҷикистон истифода кард.