Август 29, 2018 09:13 Asia/Dushanbe
  • Таваққуфи парвози  ҳавопаймоҳои “Тоҷик – Эйр” дар масири Душанбе – Самарқанд

Ширкати ҳавопаймоии “Тоҷик – Эйр” парвозҳои худ дар масири Душанбе ба Самарқандро ба таври муваққат мутаваққиф кардааст.

Ба гузориши сайти “Ахбор”, ин парвозҳо як моҳ қабл, пас аз 26 соли вақфа дубора оғоз шуда буд, ки акнун ба гуфтаи мақомоти ширкати “Тоҷик – Эйр”  ба далели танзими ҷадвали парвозҳо муваққатан мутаваққиф шудааст.

Ин дар ҳолест, ки мудирияти ширкати ҳавопаймоии “Тоҷик – Эйр” -и Тоҷикистон барои ҷазби мусофир қимати билет барои ҳар нафар дар масири Душанбе ба Самарқандро, ки 684 сомонӣ буд, ба 300 сомонӣ коҳиш дод.

Аммо яке аз кормандони аршади ин ширкат бидуни ифшои ном гуфтааст, иллати мутаваққиф шудани парвозҳо аз Душанбе ба Самарқанд камбуди мусофир будааст, ки аз нигоҳи иқтисодӣ ба нафъи ширкати ҳавопаймоии “Тоҷик – Эйр”  нест.

Коршиносон бо оғози азсаргирии парвозҳо миёни Душанбе ва Самарқанд пешбинӣ карда буданд, бо таваҷҷуҳ ба ин ки сафари заминӣ дар ин масир ба маротиб арзонтар аст, аксари мусофирон тарҷеҳ медиҳанд, ки бо мошинҳои шахсӣ ё таксӣ сафар кунанд.

Замони парвоз дар ин масир низ 45 дақиқа аст.