Дидори раиси Шӯрои Федератсияи Русия бо муаллимони омодаи сафар ба Тоҷикистон
(last modified Wed, 29 Aug 2018 04:42:58 GMT )
Август 29, 2018 09:42 Asia/Dushanbe
  • Дидори раиси Шӯрои Федератсияи Русия бо муаллимони омодаи сафар ба Тоҷикистон

Раиси Шӯрои Федератсияи Русия дар остонаи оғози соли таҳсилии нав бо муаллимони равонаи сафар ба Тоҷикистон дидор кард.

Ба гузориши нашрияи парлумонии Русия, хонум Валентина Матвиенко дар дидор бо гурӯҳи 50 нафарӣ аз муаллимони русзабони роҳии сафар ба Тоҷикистон, бар зарурати тақвияти ҷойгоҳи забони русӣ дар мактабҳои Тоҷикистон таъкид кард.

Вай гуфт, таҷрибаи фиристодани нахустин гурӯҳи 30 нафарӣ аз муаллимони рус ба Тоҷикистон дар соли 2017 нишон дод, ки ин афрод дар тадриси улуми мухталиф дар мактабҳои ин кишвар муваффақ будаанд ва ҳамин мавзуъ боис шуд 29 нафар аз онон қарордоди худро барои идомаи кор дар Тоҷикистон тамдид кунанд. Муаллимони омодаи сафар бар асоси озмун дар Русия баргузида мешаванд ва бояд аз собиқаи 5 соли тадрис дар мактабҳои ин кишвар бархурдор бошанд.

Бар асоси барномаи Вазорати маориф ва улуми Русия, муаллимони забони русӣ ба дархости расмии давлати Тоҷикистон барои тадриси забони русӣ дар риштаҳои физика, химия, фанновариҳои навини иртиботӣ ва зистшиносӣ ба ин кишвар фиристода шудаанд.

Ҳукумати Русия мутааҳҳид шудааст, ки бо пардохти 74 ҳазор рубл (наздик ба 1 ҳазору 200 доллар) бимаи дармонӣ ва ҳазинаи бори изофии муаллимони забони русиро дар сафарҳои ҳавоӣ ба Тоҷикистон таъмин кунад. Бар асоси қарордоди дуҷониба, тарафи Тоҷикистон низ маскан ва ҳазинаи парвози омӯзгорони забони русиро таъмин кардааст.

Ин иқдом бо ҳадафи афзоиши кайфияти тадриси забони русӣ дар Тоҷикистон, афзоиши теъдоди мактабҳои русӣ дар ин кишвар ва таҳкими равобити илмӣ ва фарҳангии Маскав ва Душанбе анҷом мешавад.

Соли таҳсилии нав дар қаламрави кишварҳои узви Иттиҳоди Давлаҳои Мустақил аз аввали моҳи сентябр оғоз мешавад.