Август 30, 2018 16:14 Asia/Dushanbe
  • Паёми табрики Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати солгарди истиқлоли Узбакистон

Раисиҷумҳури Тоҷикистон дар паёме фаро расидани 27-умин солгарди истиқлоли Узбакистонро ба ҳамтои ӯзбаки худ, табрик гуфт.

Ба гузориши хабаргузории Форс, Эмомалӣ Раҳмон дар паёми худ ба Шавкат Мирзиёев таъкид кардааст, ки сиёсатҳои воқеъбинонаи ӯ ва таҳаввулоти ҳаётӣ дар ҳавзаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсии Тошканд, натоиҷи мусбате ба бор оварда ва эътибори Узбакистонро дар арсаи ҷаҳонӣ афзоиш додааст.

Эмомалӣ Раҳмон афзудааст, ки Тоҷикистон ба унвони наздиктарин ҳамсояи Узбакистон аз ин дастовардҳои Тошканд бисёр хуш ҳол аст ва равобити бо Узбакистон барои Тоҷикистон ҳамеша авлавияти аслии сиёсати хориҷӣ, буда ва ҳаст.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон ҳамчунин таъкид карда, ки Душанбе аз фазои хуб ва созандаи ҳамкории чандҷонибаи ду кишвар ва ҳамчунин тавсеаи пӯёии он, ки посухгӯи манофеи асосии ду миллат ва дар маҷмӯъ тамоми минтақа аст, истиқбол мекунад.

Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин дар остонаи фиро расидани 27- умин солгарди истиқлоли Узбакистон дар маросиме ба теъдоде аз нухбагони сиёсӣ, намояндагони ҳавзаи илм, омӯзишу парвариш ва фарҳанги Узбакистон аз ҷумла медал эъто кард.

Аз ҷумла Абдуллоҳ  Орипов - Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Абдулазиз Комилов - Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо Ордени “Исмоили Сомонӣ” дараҷаи II сарфароз шуданд.

Шавкат Мирзиёев, раисиҷумҳури Узбакистон низ ахиран бо судури дастуре ба теъдоде аз нухбагони сиёсӣ, фаъолони иҷтимоӣ, намояндагони фарҳангӣ, илмӣ ва беҳдошти Тоҷикистон, медалҳои давлатии Узбакистонро эҳдо кард.

Аз ҷумла, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва Вазири корҳои хориҷии ҶТ Сироҷиддин Муҳриддин бо ордени «Фидокорона хизматлари учун» («Барои хизматҳои фидокорона») сарфароз гардонида шуданд.