Ройзании мақомоти консулии Тоҷикистон ва Узбакистон дар Душанбе
Август 30, 2018 19:32 Asia/Dushanbe
Мақомоти консулии Тоҷикистон ва Узбакистон дар нишасте масоили марбут ба ҳамкориҳои дуҷониба, ироа кумакҳои ҳуқуқӣ ва соири мавзӯоти марбутаро баррасӣ карданд.
Ба гузориши пойгоҳи иттилоърасонии вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон, ройзаниҳои мазкур дар чорчӯби барномаи ҳамкорӣ миёни вазоратхонаҳои умури хориҷаи ду кишвар, сурат гирифт.
Нишасти машваратии ниҳодҳои консулии тоҷик ва Узбакистон ба раёсати Баҳром Холиқназаров, раиси бахши консулии Тоҷикистон ва Улфат Қодирова, раиси бахши консулии Узбакистон баргузор шуд.
Дар ин нишаст, ду тараф ҳамчунин дар бора имзои қарордодҳо ва тавофуқоти байналмилалӣ табодули назар карданд ва раванди иҷрои ин тавофуқҳоро ризоятбахш донистанд.