Ҳушдори хабаргузории Ховар ба САҲА
Хабаргузории давлатии “Ховар”-и Тоҷикистон ба Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) дар бораи мушорикати аъзои ҳизби дар Тоҷикистон мамнуи наҳзати исломӣ, дар нишасти солонаи ҳуқуқи башари ин созмон дар Полша ҳушдор дод.
Ба гузориши хабаргузории Ховар, дар ин матлаб аз САҲА ба унвони созмони “шаҳри бедарвоза” ёд мешавад, ки демократияи мавриди назари он барои Тоҷикистон бегона аст.
Дар ин матлаб ёдоварӣ шудааст, ки пас аз ширкат ва суханронии мухолифони сиёсии ҳукумати Тоҷикистон дар нишасти соли 2016-и Шӯрои ҳуқуқи башари САҲА дар Полша, ихтиёроти дафтари намояндагии ин созмон дар Душанбе маҳдуд гардид.
Хабаргузории Ховар ба Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ҳушдор додааст, ки дар сурати мушорикати аъзои ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ дар нишасти рӯзҳои 10 то 17 сентябри имсоли ҳуқуқи башари ин созмон дар Полша, ин созмон бояд дар интизори иқдомоти мутаносиби тарафи Тоҷикистон бошад.
Низоъ миёни давлати Тоҷикистон ва САҲА бар сари ҳузур ва суханронии теъдоде аз фаъолони аҳзоб ва гурӯҳҳои мухолифи сиёсии давлати Душанбе дар нишасти ин созмон бо мавзӯи ҳуқуқи башар дар Варшаваи Полша дар моҳи сентябри соли 2016 мӯҷиби хориҷ шудани ҳайати расмии ҳукумати Тоҷикистон аз ин нишаст шуд.
Ба думболи эътирози Тоҷикистон ба ин нишаст, фаъолияти дафтари маркази Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо дар шаҳри Душанбе, маҳдуд ва фаъолияти панҷ дафтари минтақаии он, дар шаҳрҳои мухталифи Тоҷикистон низ таътил шуд.