Сентябр 04, 2018 08:27 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши чаҳорбаробарии содироти барқи Тоҷикистон ба Узбакистон

Тоҷикистон дар моҳи июли гузашта содироти барқ ба Узбакистонро чаҳор баробар афзоиш дод.

Ба гузориши сомонаи Фарғона, дар моҳи июли имсол аз Тоҷикистон ба Узбакистон 417 миллион киловатт/соат барқ содир шуд, дар ҳоле ки ин шохис қабл аз ин муддат моҳиёна 110 то 120 миллион киловатт/соатро ташкил мекард.

Содироти барқи Тоҷикистон ба Узбакистон пас аз 9 соли вақфа, дар моҳи апрели имсол аз сар гирифта шуд. Коршиносон мегӯянд, ки то поёни имсол Тоҷикистон метавонад ба Узбакистон як миллиарду 500 миллион киловатт/соат барқ мунтақил кунад. Бар асоси тавофуқи ду тараф, қимати барқи содиротии Тоҷикистон ба Узбакистон дар фасли тобистон барои ҳар киловатт/соат ду сент ва дар фасли зимистон 2,5 сент хоҳад буд. Ҳамчунин дар моҳи июли имсол Тоҷикистон ба Афғонистон 200 миллион киловатт/соат барқ содир кардааст. Гуфта мешавад, аз Тоҷикистон ба Қирғизистон низ дар ин муддат барқ мунтақил шуда, аммо мизони он эълом нашудааст.

Ба гуфтаи мақомоти ширкати давлатии “Барқ тоҷик”, ин кишвар метавонад дар тобистон ба хориҷ наздик ба панҷ миллиард киловатт/соат барқ содир кунад, вале набудани хутути интиқоли барқ ба хориҷ мӯҷиб мешавад, ки оби захирашудаи пушти садди нерӯгоҳҳои барқи обии Тоҷикистон бидуни истифода раҳо шавад.