Сентябр 05, 2018 08:54 Asia/Dushanbe
  • Поёни таҳқиқи ҳодисаи ҳамла ба гардишгарони хориҷӣ дар Тоҷикистон

Муовини Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон аз поёни таҳқиқ дар бораи ҳодисаи ҳамла ба гардишгарони дучархасавори хориҷӣ дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлони ин кишвар хабар дод.

Ба гузориши хабаргузории русии РИА – Новости, Мансурҷон Умаров ба ин хабаргузорӣ гуфтааст, ки парвандаи ҷиноии ҳамла ба гардишгарони дучархасавори хориҷӣ дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон такмил шудааст ва ба зудӣ ба додгоҳ ирсол мешавад.

Вай таъкид кардааст, ки 5 муттаҳами боздоштшуда дар иртибот бо ин ҳодиса дар додгоҳ муҳокима хоҳанд шуд.

Бо ин ҳол ин мақоми амниятии тоҷик гуфтааст, ки як гумонбаршудаи дигари ин ҳодиса фирорӣ аст ва таҳти пайгарди байналмилалӣ қарор дорад.

Дар ҳодисаи пахш кардани 7 гардишгари дучархасавори хориҷӣ бо мошин дар рӯзи 29 – уми июли имсол дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлони Тоҷикистон, 4 нафар аз ин афрод кушта ва 3 тани дигар захмӣ шуданд.

Бо вуҷуди ин ки гурӯҳи террористии ДИИШ масъулияти ҳамла ба гардишгарони дучархасавори хориҷиро бар ӯҳда гирифт, аммо мақомоти амниятӣ ва интизомии Тоҷикистон мегӯянд, ки ин иқдом аз сӯйи аъзои собиқи Ҳизби мамнуаи наҳзати исломӣ анҷом шудааст.

Масъулини ҳизби ёдшуда ҳар навъ иртибот бо ин моҷароро рад кардаанд.