Монеътарошии туркманҳо дар транзити коло аз Эрон ба Тоҷикистон
Бо монеътарошии Туркманистон бар сари роҳи убури коло аз Эрон ба Тоҷикистон тавассути қаламрави он кишвар, Эрон дар андешаи фароҳам кардани роҳи ҷойгузин барои убури мошинҳои боркаши Тоҷикистон аст.
Ба нақл аз Илно, Алиакбари Шодмонӣ, мудири кулли дафтари содироти гумруки Эрон дар бахшномае эълом кард, то иттилои баъдӣ, мошинҳои боркаши ҳомили коло ба мақсади Тоҷикистон наметавонанд аз гумруки Лутфобод-Артик истифода кунанд.
Алии Шариатӣ, узви утоқи бозаргонии Эрон низ имрӯз дар гуфтугӯ бо хабарнигори иқтисодии Илно дар бораи ин бахшномаи гумруки Эрон гуфт: Ба сабаби ихтилофоти миёни Тоҷикистон ва Туркманистон ва қатъ шудани раванди табодули тиҷории ду кишвар, содироти Эрон ба Тоҷикистон мухтал шуда ва ба дунболи роҳи ҷойгузин ҳастем.
Вай афзуд: “Хати рейлӣ вуҷуд дорад, ки ҳазинаи он болост, аммо дар ҳоли баррасии коридори Афғонистон ба Тоҷикистон ҳастем, ки муҳимтарин мушкили ин коридори амнияти поини он аст”.
Ронандагони мошинҳои боркаши Тоҷикистон ҳудуди 10 рӯз аст, ки дар марзи Лутфобод-Артики Эрон ва Туркманистон мутаваққиф шудаанд ва бино бар эъломи Вазорати нақлиёти Тоҷикистон, тарафи Туркманистон токунун дар бораи иллати ин мавзуъ посухи расмӣ надодааст.