Сентябр 06, 2018 19:49 Asia/Dushanbe
  • Амният муҳиммтарин меҳвари нишасти нахуствазирони ИДМ

Дар нишасти ояндаи нахуствазирони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ), масоили амниятӣ, муҳиммтарин меҳварҳои мавриди баҳс хоҳад буд.

Дар нишасти ояндаи нахуствазирони ИДМ, ки дар 28 сентябри соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад, масоили амниятӣ аз муҳиммтарин меҳварҳо хоҳад буд.

Дар ин нишасти нахуствазирони кишварҳои узв, рӯи 16 меҳвар баҳс хоҳанд кард, масоили ҳамкориҳои сиёсӣ, низомӣ, амниятӣ ва башардӯстонаро дарбар хоҳад гирифт.

Баррасии чаҳор мавзӯи марбут ба масоили амниятӣ дар дастури кори нишасти Душанбе қарор дорад, ки як аз онҳо баҳсу гуфтугӯ пиромуни пешнависи барномаи иқдомоти муштарак дар ҷиҳати мубориза бо ҷурму ҷиноят барои солҳои 2019-2023 мебошад.

Ин барнома шомили фаъолиятҳои марбут ба муқобила бо ҷиноёти фаромиллӣ ва аз ҷумла мубориза бо қочоқи маводи мухаддир ва равонгардон, қочоқи инсон ва муҳоҷирати ғайрқонунӣ ва ҳамчунин ҷурмҳои созмонёфта дар ҳавзаи фанноварии иттилоот мебошад.

Ҳамчунин таҳким ва тавсеаи мабонии ҳуқуқии ҳамкориҳои кишварҳои мустақили Ҳамсуд, беҳбуд ва ҳамоҳангсозии қавонини миллӣ дар ҳавзаҳои марбута, баргузории амалиёти муштараки пешгирона ва мушорикати кишварҳои узв дар арсаи мубориза бо ҷурмҳо, таъмини амнияти умумӣ, пуштибонии иттилоотӣ ва пажӯҳишии ҳамкориҳо, баргузории давраҳои бозомӯзии ниҳодҳои амниятӣ, интизомӣ ва тавсеаи таомулот бо соири созмонҳои байналмилалӣ, аз аҳдофи муҳимми ин барнома унвон шудааст.

Созмони ИДМ пас аз фурӯпошии Шӯравии собиқ, шакл гирифт ва аввалин нишасти ин созмон, августи соли 1993 милодӣ баргузор шудааст.

Баёнияи таъсиси ин созмон, 21 декабри 1991 дар Алмаато, мунташир ва тавассути сарони кишварҳои ширкаткунанда дар нишаст, аз ҷумла Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Русия, Тоҷикистон, Туркманистон, Узбакистон ва Украина имзо шуд.

Гурҷистон 8 октябри 1993 ба думболи мувофиқати раисони ҷумҳури кишварҳои узв бо дархости узвияти ин кишвар дар ин созмон, ба узвияти созмони ИДМ даромад.