Сентябр 07, 2018 19:05 Asia/Dushanbe
  • Баррасии ҳамкориҳои низомии Тоҷикистон ва Чин

Дар дидори дирӯзи Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ва Сюй Силян, муовини раиси Шӯрои маркази низомии Чин масоил марбут ба густариши ҳамкориҳои фаннӣ-низоми миёни ду кишвар, мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Ба гузориши Авсето, дар ин дидору гуфтугӯ, ки дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, ду тараф аз ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Чин, ки ҷанбаи стратегӣ ва чанд буъдӣ дорад, иброз ризоят карданд.

Эмомалӣ Раҳмон дар ин дидор тасреҳ кард, тақвияти ҳамкориҳо дар бахши фаннӣ- низомии Тоҷикистон, яке аз самтҳои муҳимми равобити ду кишвар аст.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон ва муовини раиси Шӯрои маркази низомии Чин ҳамчунин мавзӯи таъмини амният дар марз миёни Тоҷикистон ва Афғонистонро баррасӣ карданд.

Чин аз ҷумлаи муҳиммтарин шарикони иқтисодии Тоҷикистон аст. Равобити ду кишвар акнун дар бахши низомӣ ва амниятӣ миз дар ҳоли пурранг шудан аст. Аз ҷумла ҳамкориҳои Чин бо Тоҷикистон дар бахши низомӣ ва амниятии мушорикати Чин дар сохт ва таҷҳизи посгоҳҳои марзӣ, миёни Тоҷикистон ва Афғонистон аст.