Сентябр 07, 2018 21:40 Asia/Dushanbe
  • Вокуниши раиси дафтари намояндагии САҲА ба тазоҳуроти Душанбе

Раиси дафтари намояндагии Созмони амният ва ҳамкории Аврупо (САҲА) дар Душанбе, дар вокуниш ба таҷаммӯи эътирозии имрӯз дар пойтахти Тоҷикистон ба ҳузури Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҳизби дар Тоҷикистон мамнуи наҳзати исломӣ дар нишасти ҳуқуқи башари САҲА дар Лаҳистон, ин иқдомро ҳаққи мардуми тоҷик унвон кард.

Ба гузориши Азия Плюс, Туула Юрёля, раиси дафтари намондагии САҲА дар Душанбе дар вокуниш ба таҷаммӯи эътирозии имрӯз гуфтааст, ки мо паёми ин иқдомро дар назар хоҳем гирифт ва аз баргузории чунин ҷамъомад дар фазои озодии баён, ҳимоят ҳам мекунем.

Вай таъкид кардааст, ки аз тасмими мақомоти ҳукумати Тоҷикистон барои фиристодани ҳайате аз ин кишвар ҷиҳати ҳузур дар нишасти ҳуқуқи башари Созмони амният ва ҳамкории Аврупо қарор аст, рӯзҳои 9 то 17 сентябр дар шаҳри Варшава, пойтахти Полша баргузор гардад, хушҳол мебошад.

Аммо дар маврди ин, ки фард ё гурӯҳ ва ҳизби террорист мебошад бояд бар асоси қавонини байналмилалӣ, номи онҳо дар феҳрасти гурӯҳҳои террористӣ қарор гирад. Бо ин ҳол, САҲА масъули баргузории ин нишаст аст ва барои ибрози дидгоҳҳои мухталиф заминаро фароҳам месозад.

Ба навиштаи хабаргузории Азия Плюс, дар ин нишаст аз Тоҷикистон Сайфуллоҳ Сафаров, муовини аввали мудир пажӯҳишгоҳи роҳбурдии вобаста ба ниҳоди раёсати ҷумҳурӣ ва Мулло Абдурраҳим Каримов, узви собиқи ҳизби дар Тоҷикистон мамнуи наҳзати исломӣ ва устоди Донишкадаи исломии Тоҷикистон, ширкат хоҳанд кард.