Таъсири таҳримҳо алайҳи Русия бар иқтисоди Тоҷикистон
(last modified Sat, 08 Sep 2018 04:19:28 GMT )
Сентябр 08, 2018 09:19 Asia/Dushanbe
  • Таъсири таҳримҳо алайҳи Русия бар иқтисоди Тоҷикистон

Иқтисодшинос ва корманди аршади Фарҳангистони улуми Тоҷикистон муътақид аст, ки таҳримҳои ҷадиди Амрико ва Иттиҳоди Аврупо алайҳи Русия ба иқтисоди Тоҷикистон таъсир хоҳад расонд.

Ба гузориши хабаргузории “Спутник”, Ҳоҷимуҳаммад Умаров гуфтааст, ки таҳримҳои ҷадиди Ғарб алайҳи Русия ба иқтисоди ин кишвар ва қурби рубли русӣ таъсири манфӣ хоҳад расонд, ки метавонад мӯҷиби коҳиши даромади ирсолии коргарони муҳоҷири тоҷик низ шавад.

Ба гуфтаи вай, коҳиши арзиши рубли русӣ ба маънии кам шудани мизони маошу дастмузди коргарони муҳоҷири хориҷӣ, аз ҷумла тоҷикон хоҳад шуд, ки даромади ирсолии онон ба кишварашон солона баробар бо 30 дарсад аз тавлиди нохолиси миллии Тоҷикистон аст.

Умаров афзудааст, шояд сахттар шудани таҳримҳои нави Ғарб алайҳи Русия, заминаи коҳиши қимати бархе аз маҳсулоти саноатии ин кишварро низ фароҳам созад, ки ба нафъи Тоҷикистон аст, аммо дар маҷмуъ ба далели вобастагии зиёди иқтисоди Тоҷикистон ба даромади ирсолии коргарони тоҷик аз Русия, ин таҳримҳо қатъан ба авзои иқтисодии Тоҷикистон таъсири манфӣ хоҳад расонд.

Аз соли 2015, ки Ғарб таҳримҳои иқтисодӣ алайҳи Русия иҷро кард, бозори муомилоти арзии Тоҷикистон низ ба далели коҳиши даромади ирсолии коргарони муҳоҷир дучори ошуфтагӣ шуд.

Дар натиҷаи ин буҳрон дар Тоҷикистон теъдоде аз бонкҳо варшикаст шуданд ва муҷаввизи фаъолияти шуморе аз бонкҳо ва марокизи моливу эътиборӣ (ташкилоти қарзии хурд) низ лағв гардид, ба тавре, ки ҳанӯз ҳам бонкҳо наметавонанд маблағҳои муштариёни худро бозпардохт кунанд.