Сентябр 09, 2018 08:49 Asia/Dushanbe
  • Поёни бозсозии нахустини турбинаи неругоҳи барқӣ обии Сарбанд дар моҳи октябр

Вазорати энержӣ ва захоири оби Тоҷикистон аз поёни бозсозии нахустин турбинаи неругоҳи барқӣ обии Сарбанд бар рӯи рӯдхонаи Вахш дар вилояти Хатлони ин кишвар дар моҳи октябри соли ҷорӣ, хабар дод.

Ба гузориши дафтари матбуотии вазорати энержӣ ва захоири оби Тоҷикистон, пас аз бозсозии турбинаи нахусти неругоҳи барқӣ обии Сарбанд, ки 51 сол қабл сохта шуда, заминаи тавлиди панҷ мегаватт/барқи изофӣ дар ин неругоҳ фароҳам хоҳад шуд.

Бонки Рушди Осиё ба манзур таъмини ҳазинаи бозсозии шаш турбинаи неругоҳи барқӣ обии Сарбанд дар Тоҷикистон, ба ин кишвар маблағи 136 миллион доллар қарз ихтисос додааст. Пас аз бозсозии куллии ин неругоҳ тавони тавлиди барқи он, ба 252 мегаватт хоҳад расид; Дар ҳоле, ки зарфияти қаблии ин неругоҳ 240 мегаватт/барқ мебошад. Ба гуфтаи мақомоти вазорати энержӣ ва захоири оби Тоҷикистон, дар марҳалаи нахусти бозсозӣ таҷҳизоти неругоҳи барқӣ обии Сарбанд, ҳадафи таъвизи турбинаҳои аввал, дувум ва панҷум байни солҳои 2018 то 2019 аст ва дар марҳалаи дуввум турбинаҳои сеюм, чаҳорум ва шашум низ таъвиз хоҳанд шуд.

Ҳамчунин бозсозии таҷҳизоти маркази мудирият, таъвизи хутути интиқоли барқ 220 ва 110 киловаттӣ ва трансформаторҳои тавзеъи барқи неругоҳи барқӣ обии Сарбанд, барномарезӣ шудааст.