Сентябр 15, 2018 13:43 Asia/Dushanbe
  • Комюнҳои Тоҷикистон ҳамчунон мунтазири вуруд ба Туркманистон

Беш аз ду ҳафта аст, ки ронандагони 100 комюн (мошини боркаш) - и Тоҷикистон дар марзи муштараки Эрон ва Туркманистон наметавонанд муҷаввизи вуруд ба дохили Туркманистонро дарёфт кунанд.

Ба гузориши хабаргузории “Азия плюс”, Вазорати ҳамлунақли Туркманистон пас аз муддатҳо сукут ахиран иллати таваққуфи комюнҳои Тоҷикистонро масоили амниятӣ унвон карда, вале дар ин маврид ҳеҷ тавзеҳе надодааст.

Талошҳо барои дарёфти посух ба ин пурсиш, ки ба чӣ далел таваққуфи комюнҳои Тоҷикистон дар вурудиҳои Туркманистон тӯлонӣ шудааст, аз Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон низ ба ҷое нарасид.

Ҳарчанд, ки ин вазоратхона бо ирсоли номае ба Вазорати умури хориҷаи Туркманистон, хостори рафъи ин мушкил шуда буд.

Бо ин ҳол як манбаи ҳукуматӣ дар Тоҷикистон бидуни ифшои номи худ гуфтааст, баҳонаҷӯиҳои Туркманистон дар мавриди комюнҳои Тоҷикистон ангезаи сиёсӣ дорад.

Зеро қаблан як зани туркман дар Сафорати Тоҷикистон дар Ишқобод дар сафи тӯлонӣ барои дарёфти раводиди сафар ба Тоҷикистон ҷон худро аз даст дода буд, ки пас аз ин ҳодиса мушкили ронандагони комюнҳои тоҷикистонӣ дар вурудиҳои Туркманистон оғоз шуд.

Ба далели тӯлонӣ шудани ин моҷаро, Вазорати нақлиёти Тоҷикистон аз ронандагони тоҷик хост то барои расидан ба ин кишвар аз тариқи марзи Эрон ба ҷумҳурии Озарбойҷон ва сипас ба Русия, Қазоқистон, Ӯзбакистон ва аз он ҷо ба самти Тоҷикистон ҳаракат кунанд.

Аммо масъулони ширкатҳои ҳамлунақли Тоҷикистон мегӯянд, таваққуфи ҳаррӯзаи ҳар ронандаи тоҷик дар марзи Туркманистон бобати ҳазинаи истгоҳ ва ғизо барои онон 30 доллар муҳосиба мешавад.

Ҳол он ки тамдиди раводиди транзитӣ, ҷаримаи молӣ барои сари вақт интиқол надодани коло ва амсоли он барои ин ронандагон бо ҳазинаи изофӣ ҳамроҳ хоҳад буд.