Баргузории маросими иди "Асал" дар шаҳри Душанбе
(last modified Sat, 15 Sep 2018 09:58:37 GMT )
Сентябр 15, 2018 14:58 Asia/Dushanbe
  • Баргузории маросими иди

Маросими иди “Асал” имрӯз - шанбе (15 – уми сентябр) дар бозори “Меҳргон” - и шаҳри Душанбе баргузор шуд.

Ба гузориши сомонаи “Ховар”, дар ин рӯз беҳтарин занбурпарварон аз гӯшаву канори Тоҷикистон асали тавлидии худро дар бозори “Меҳргон” ба намоиш гузоштанд.

Бар асоси ин гузориш, имрӯз беҳтарин занбурпарварон аз устонҳои Суғд, Хатлон, минтақаи Рашт ва дигар ноҳияҳои кишвар анвои гуногуни асал, занбурҳои асал, гиёҳони шифобахш, шириниҳои таҳияшуда аз он, васоили парвариши занбури асал ва ҳунарҳои дастии мардумиро дар маърази тамошо ва фурӯш гузоштанд.

Ин ҷашн ба ҳиммати Иззатуллоҳ Сатторӣ, вазири кишоварзии ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд ва вай дар ин маросим аз ҳамаи занбурпарварон ва ширкаткунандагон қадрдонӣ кард ва иди асалро ба онҳо табрик гуфт.

Ин манбаъ меафзояд, занбурдорӣ дар Тоҷикистон ҳавзае рӯ ба пешрафт ва тараққӣ аст ва ҳар сол ба теъдоди занбурпарварон изофа мешавад.

Барои ҷаззобтар кардани маросими ҷашн низ мусобиқае байни беҳтарин занбурпарварон баргузор шуд, ки комиссияи тадорукот дар интиҳо аз баргузидагон бо тақдими ҳадяҳои Вазорати кишоварзӣ қадрдонӣ хоҳад кард.

Дар барномаҳои тадорукдидашуда барои иди “Асал” вижабарномаҳои фарҳангӣ низ дар назар гирифта шудааст.