"Душанбе" ҷузви даҳ шаҳри бартар барои гардишгарии тирамоҳӣ
(last modified Tue, 18 Sep 2018 07:49:17 GMT )
Сентябр 18, 2018 12:49 Asia/Dushanbe

Пойтахти Тоҷикистон ҷузви даҳ шаҳри бартар дар миёни шаҳрҳои Иттиҳодияи кишварҳои Муштаракул манофеъ барои гардишгарии тирамоҳӣ қарор гирифт.

Ба нақл аз Спутник, дар ин радабандӣ шаҳрҳои Минкс, Остона ва Боку дар болои ин радабандӣ қарор доранд.

Бар асоси гузориши бунгоҳи таҳлилии "ТурСтат" дар ин рӯйхат, шаҳри Душанбе дар ҷойгоҳи нуҳум қарор дорад ва шаҳри Ишқободи Туркманистон баъд аз шаҳри Душанбе ва дар радаи даҳум аст.

Дар ин радабандӣ Тошканд низ дар ҷойгоҳи панҷум қарор дорад.

Ин радабандӣ бар асоси таҳлили додаҳои сафарҳои тирамоҳии гардишгарон дар соли равон ба даст омадааст.

Аз дигар маълумоти бадаст омада бино бар гузориши ТурСтат, ин аст ки гардишгарони русӣ барои сафар ба кишварҳои Муштаракул манофеъ бештар рӯзҳои таътилро интихоб мекунанд.

Замони миёнаи ихтисос дода шуда барои гардишгарон се руз аст ва ҳар гардишгар рӯзона байни 30 то 80 доллар барои умуроти ҷорӣ монанди ҷои хоб  ва хурок ҳазина мекунад.

Дар ин додаҳо, гашту гузор дар Қирғизистон ва Ӯзбакистон арзонтар аз дигар ҷоҳо ва гардиш ва тафреҳу хариди либос дар шаҳрҳои Остона ва Боку осонтар аз дигар шаҳрҳо эълом шудааст.