Сафари Мирзиёв ба Тоҷикистон ба манзури ширкат дар нишасти сарони кишварҳои ИДМ
(last modified Thu, 20 Sep 2018 13:25:12 GMT )
Сентябр 20, 2018 18:25 Asia/Dushanbe
  • Сафари Мирзиёв ба Тоҷикистон ба манзури ширкат дар нишасти сарони кишварҳои ИДМ

Таърих ва замони сафари ояндаи раисиҷумҳури Узбакистон ба Тоҷикистон мушаххас шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ба нақл аз изҳороти Фейсбукии Комил Алламҷонов, сухангӯи раисиҷумҳури Узбакистон, Шавкат Мирзиёев бо барномаи ду рӯза ва ба манзури ширкат дар нишасти сарони кишварҳои ҷомеаи Ҳамсуд дар рӯзҳои 27 ва 28 моҳи ҷорӣ (сентябр), ба Тоҷикистон сафар хоҳад кард.

Ба гузориши манбаъ, тайи ин сафар чанд мулоқоти дуҷониба ва имзои санадҳо дарназар аст.

Қаблан аз омодагии мақомоти ҳукумати маҳаллӣ дар ноҳияи Турсунзода барои истиқбол аз раисони ҷумҳури Узбакистон ва Беларус хабар дода шуда буд. Дар ин хабар гуфта мешуд, қарор аст, дар ҳошияи нишасти сарони кишварҳои узви ҷомеаи Ҳамсуд дар Душанбе Шавкат Мирзиёев ва Александр  Лукашенко аз Корхонаи алюминий ва чанд ширкати кишоварзии ноҳияи Турсунзода боздид кунанд.

Пас аз ба қудрати расидани Шавкат Мирзиёв дар Узбакистон, равобити сарде, ки миёни ин кишвар бо Тоҷикистон дар замони Ислом Каримов вуҷуд дошт, рӯ ба беҳбуд ниҳод. Қобили зикр аст, ки ин дуввумин сафари расмии раисҷумҳури Узбакистон ба Тоҷикистон тайи шаш моҳи ахир аст.

Нахустин дидори расмии Шавкат Мирзиёев аз Тоҷикистон дар моҳи марти соли ҷорӣ анҷом шуд.