Сентябр 21, 2018 18:15 Asia/Dushanbe
  • Дидори вазирони дифои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

Дар доираи баргузории машқҳои низомии муштараки Тоҷикистону Ӯзбекистон дар гарнизони вилояти Суғд, имрӯз генерал-лейтенант Шералӣ Мирзо Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо генерал-майор Абдусалом Азизов Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон дидор кард.

Ба гузориши  АМИТ «Ховар», аз 18 то 21 сентябр дар гарнизони вилояти Суғд машқҳои мукаммал бо ҷалби қувваҳову воситаҳои гарнизони Суғд баргузор шуданд, ки дар он аз се навъи қӯшунҳои низомии Вазорати дифоъ – хушкигард, бригадаи десантӣ, неруҳои ҳавоӣ, аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, аз қӯшунҳои сарҳадӣ иштирок намуданд.

Дар машқҳои муштарак ҳудуди 17 ҳазор низомиён ва 100 техникаи ҳарбию 300 техникаи хоҷагӣ сафарбар шуда буданд. Давоми 27 соли истиқлолияти давлатӣ бори аввал аст, ки миёни артишҳои миллии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон машқҳои муштарак баргузор мегарданд.

Ҳадафи ташкили машқҳои низомии муштарак табодули таҷриба ва ҳамкории судманд арзёбӣ карда мешавад.