Ғайбати Раҳмон дар нишасти Маҷмаи умумии Созмони Милал
Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сивуҳафтумин нишасти соли ҷории Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк ширкат намекунад.
Ба гузориши хабаргузории “Азия плюс”, як манбаъ аз ҳукумати Тоҷикистон, ки хост номаш ифшо нашавад, гуфтааст, Сироҷиддини Муҳриддин, вазири умури хориҷаи ин кишвар сарпарастии намояндагии ҳайати Тоҷикистонро дар ин нишаст бар ӯҳда хоҳад дошт.
Ин манбаъ таъкид кардааст, Эмомалӣ Раҳмон тайи рӯзҳои 27 – ум ва 28 – уми сентябри соли ҷорӣ мизбони нишасти сарони кишварҳои узви Ҷомеаи Ҳамсуд (Иттиҳоди давлатҳои Мустақил) дар Душанбе аст ва ба ин далел наметавонад ба Ню-Йорк биравад.
Раҳмон дар нишасти соли 2017 - и Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк ширкат ва суханронӣ карда буд.
Дар ҳоли ҳозир Сироҷиддини Муҳриддин, вазири умури хориҷаи Тоҷикистон дар нишасти Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк ҳузур дорад ва дидорҳоеро бо мақомоти ин созмон ва ҳамтоёни худ аз кишварҳои мухталиф оғоз кардааст.
Эмомалӣ Раҳмон барои бори нахуст дар рӯзи 29 – уми сентябри соли 1993 дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид суханронӣ карда буд.
Ду соли қабл Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон рӯзи 29 –уми сентябрро ба унвони “Рӯзи дипломатия” дар ин кишвар номгузорӣ карданд.