Сентябр 18, 2018 13:46 Asia/Dushanbe
  • Рушди содироти барқи Тоҷикистон

Тоҷикистон мизони содироти барқ ба кишварҳои ҳамсояро афзоиш додааст.

Ба нақл аз Авеста, мизони содироти барқ ба хориҷ дар 8 моҳи ибтидои имсол 2/62 миллион доллар баровард шудааст, ки дар муқоиса бо муддати мушобеҳи соли гузашта 56 дарсад афзоиш нишон медиҳад.

Соли гузашта ин мизон баробар бо 5/22 миллион доллар буд.

Гуфта мешавад муштариёни аслии барқи тавлидии Тоҷикистон кишварҳои Узбакистон ва Афғонистон ҳастанд.

Дар ҳамин ҳол эълом шудааст, ҳаҷми кулли тавлиди барқ дар Тоҷикистон таи 8 моҳи ибтидои соли равон низ ру ба афзоиш гузоштааст.

Ин омор аз оғози соли 2018 токунун 5/13 миллиард кило ват соат будааст. Тоҷикистон ба далели бархурдор будан аз манобеъи азими об, дорои даҳҳо неругоҳи барқ-обӣ аст ва аслитарин тавлидкунандаи энержии барқ дар Осиёи миёна ба ҳисоб меояд.

Қарор аст базудӣ бо шуруъи баҳраварӣ аз неругоҳи азими Роғун дар шарқи Тоҷикистон ба мизони рӯзона тавлиди барқ дар ин кишвар афзуда шавад.