Сентябр 23, 2018 14:17 Asia/Dushanbe
  • Дидори Вазири хориҷаи Тоҷикистон бо Дабири кулли Созмони милали муттаҳид

Вазорати хориҷаи Тоҷикистон аз дидори Антонио Гутерриш Дабири кулли Созмони милали муттаҳид бо Сироҷиддини Муҳриддин Вазири умури хориҷаи ин кишвар хабар дод.

Ба гузориши Дафтари матбуоти Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон, ин дидор дар ҳошияи иҷлоси ҳафтодусеюми Маҷмаи умумии Созмони милали муттаҳид баргузор шуд .

Дар ин дидор вазири умури хориҷаи Тоҷикистон аз пуштибонии Дабири кулли Созмони милал аз ибтикори амалҳои ҷаҳонии Тоҷикистон қадрдонӣ кард.

Ҳамчунин ду тарафи ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Созмони милали муттаҳидро дар бахшҳои амниятӣ, рушди иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ва ҳамкориҳои минтақаӣ баррасӣ карданд.

Ҳафтодусеюмин иҷлоси Маҷмаи умумии Созмони милали муттаҳид 18 сентябр оғоз ба кор кард.