Афви чаҳор шаҳрванди тоҷикистонии муттаҳам ба узвият дар гурӯҳҳои ифротӣ
Мақомоти қазоии Тоҷикистон чаҳор шаҳрванди тоҷикистониро, ки муттаҳам ба узвият дар гурӯҳҳои ифротӣ ва мушорикат дар даргириҳои мусаллаҳона дар хориҷ буда ва довталабона ба кишвар бозгаштанд, мавриди афв қарор доданд.
Ба гузориши сомонаи “Ахбор”, аз ин чаҳор нафар, се тан сокини шаҳри Душанбе ва як нафар низ сокини ноҳияи Рӯдакӣ аст.
Ин афрод бо кумаки идораи полиси шаҳри Душанбе, довталабона аз хориҷи кишвар ба Тоҷикистон баргашта ва аз аъмоли гузаштаи худ ибрози пушаймонӣ карда буданд, ки бо мавриди афв қарор гирифтан, акнун дар канори хонаводаҳои худ ҳастанд.
Мақомоти қазоии Тоҷикистон низ бо баррасии парвандаи ин афрод ва дар назар гирифтани бозгашти довталабона ва ибрози пушаймонии онҳо аз аъмоли гузаштаашон, ононро мавриди афв қарор доданд.
Дар ин гузориш таъкид шудааст, дар сурати бозгашти довталабонаи афроде, ки ба иттиҳоми узвият дар гурӯҳҳои ифротӣ ва мушорикат дар даргириҳои мусаллаҳона дар хориҷи кишвар таҳти пайгарди қазоӣ қарор доранд ва собит нашудани даст доштани онон дар қатлу куштори шаҳрвандони хориҷӣ, мавриди афв қарор хоҳанд гирифт.