Сентябр 26, 2018 12:21 Asia/Dushanbe
  • Муаррифии патенсиали гардишгарии Тоҷикистон дар Фаронса

Ширкатҳои туристии Тоҷикистон бо ҳадафи муаррифии патенсиали гардишгарии худ дар намоишгоҳи туристии байналмилалии шаҳри Порис ширкат карданд.

Ба гузориши хабаргузории “Ховар”, намоишгоҳи гардишгарии байналмилалии мавсум ба “IFTM TOP RESA” аз 25 то 28 - умисентябр дар шаҳри Пориси Фаронса баргузор мешавад.

Ба гузориши масъулони Кумитаи гардишгарии вобаста ба ниҳоди раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон, рӯзи сешанбе дар маросими бозкушоии ин намоишгоҳ, ғурфаи гардишгарии Тоҷикистон бо унвони “Тоҷикистон кишвари гардишгарӣ” пазирои алоқамандон аст.

Имсол дар ин намоишгоҳ беш аз 10 ҳазор ширкати гардишгарӣ аз 200 кишвари ҷаҳон барои муаррифии патенсиали гардишгарии худ ҳузур ёфтаанд.

Ин соли дувум аст, ки ширкатҳои гардишгарии Тоҷикистон дар намоишгоҳи туристии байналмилалии Фаронса, мавсум ба “IFTM TOP RESA” ширкат мекунанд.

Соли гузашта беш аз ҳафт ҳазор ширкати гардишгарӣ аз 150 кишвари ҷаҳон дар ин намоишгоҳ ҳузур доштанд.

Масъулони Кумитаи гардишгарии вобаста ба ниҳоди раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон мегӯянд, ҳадафи ширкатҳои туристӣ ба унвони намояндагони ин кишвар дар намоишгоҳ, муаррифии патенсиали гардишгарии Тоҷикистон ва ҷазби бештари гардишгарони хориҷӣ аст.

Ёдоварӣ мешавад, Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо судури фармоне соли 2018 - ро соли рушди гардишгарӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълом кард.

Тоҷикистон тасмим дорад то соли 2020 беш аз як миллион гардишгари хориҷӣ ҷазб кунад.