Сентябр 26, 2018 13:18 Asia/Dushanbe
  • Боздошти беш аз 10 ҳазор ноболиғ дар шаҳри Душанбе

Тайи соли гузашта ва 9 моҳи ибтидои имсол 10 ҳазору 392 кӯдак ва навҷавони ноболиғ ба далели нақзи қонунҳо ва ё машкук будан ба даст доштан дар ин гуна ҷурмҳо, аз сӯйи мақомоти полиси шаҳри Душанбе боздошт шудаанд.

Ба гузориши сомонаи “Фарғона”, ин оморро дафтари матбуотии шаҳрдори Душанбе эълом кардааст.

Гуфта мешавад, аз миёни ин теъдод боздоштшудагон шаш ҳазору 336 нафар донишомӯзи мактабҳои Душанбе ва бақия навҷавонони дигар манотиқ ҳастанд, ки ба пойтахт сафар кардаанд.

Дар ҳамин иртибот раиси полиси шаҳри Душанбе рӯзи 24 – уми сентябр хитоб ба волидайни донишомӯзони хилофкор ва мудирони мадориси пойтахти Тоҷикистон, аз раванди рӯ ба рушди иртикоби ҷурму ҷиноят дар миёни донишомӯзон ибрози нигаронӣ кардааст.

Шариф Назарзода гуфтааст, бештарин нақзи қонунҳо аз сӯйи навҷавонон ва ҷавонон дар шаб рух медиҳад ва ин баёнгари адами назорати волидайн бар фарзандонашон дар ин соатҳое аз шабонарӯз аст.

Соли 2011 дар Тоҷикистон Қонуни масъулияти падарону модарон дар тарбияти фарзанд ба тасвиб расид, ки масъулияти ин қишр аз ҷомеаро дар қиболи рафтори фарзандонашон мушаххас кардааст.