Поёни баррасии парвандаи саркардаи муҳоҷимон ба гардишгарони хориҷӣ дар Тоҷикистон
Мақомоти додгоҳии Тоҷикистон аз поёни баррасии парвандаи Ҳусайн Абдусамадов, саркардаи гурӯҳи муҳоҷимон ба гардишгарони хориҷӣ дар ин кишвар хабар доданд.
Ба гузориши манобеи тоҷикӣ, як фард дар сохторҳои қудратии Тоҷикистон бо эъломи ин хабар гуфтааст, Абдусамадов бо ду иттиҳоми террор ва қатл муҷрим шинохта шудааст ва ба зудӣ парвандаи ӯ барои баррасӣ ба додгоҳ ирсол хоҳад шуд.
Ҳусайн Абдусамадов - саркарда ва танҳо фарди зиндадастгиршуда аз гурӯҳи муҳоҷимон ба гардишгарони хориҷӣ дар ноҳияи Данғара аст.
Бақияи аъзои гурӯҳи муҳоҷимон дар ҷараёни амалиёти нерӯҳои давлатӣ кушта шудаанд.
Мақомоти додгоҳии Тоҷикистон муътақиданд, эҳтимолан Абдусамадов ба ҳабси абад маҳкум шавад.
Пеш аз ин Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон аз боздошти 17 нафари дигар дар иртибот бо ҳамла ба гардишгарони дучархасавори хориҷӣ хабар дода буд.
Дар ин ҳодиса, ки рӯзи 29 – уми июл рух дод, чаҳор гардишгар аз кишварҳои Амрико, Нидерландия ва Шведсия кушта шуданд.
Гурӯҳи террористии ДИИШ масъулияти ин ҳамлаи маргборро бар ӯҳда гирифт.