Зиндонӣ шудани як тоҷик дар Русия ба иттиҳоми ёргирӣ барои ДИИШ
(last modified 2018-09-27T05:49:57+00:00 )
Сентябр 27, 2018 10:49 Asia/Dushanbe
  • Зиндонӣ шудани як тоҷик дар Русия ба иттиҳоми ёргирӣ барои ДИИШ

Шаҳрванди Тоҷикистон як сокини Хабаровскро барои анҷом додани амали террористӣ дар Русия зери парчами ДИИШ омода намудааст.

Ба нақл аз РИА-Новости, додгоҳи минтақаи Шарқи дури Русия шаҳрванди Тоҷикистонро барои ҷалби як сокини Хабаровск ба сафи ДИИШ (мамнӯъ дар Русия) ва анҷоми амалҳои террористӣ гунаҳгор дониста, ба 4,5 соли зиндон маҳкум кард, иттилоъ додааст саридораи ФСБ дар минтақаи Шарқи дури Русия. 

Ба иттилои манбаъ , додгоҳ муаян намудааст, ки маҳкумшуда дониши динӣ дошта,  пайрави гурӯҳҳои тундрави исломӣ буда аз фаъолияти гурӯҳи террористии ДИИШ ҷонибдорӣ мекардааст.

Тайи чанд моҳи охир вай дар Хабаровск зиндагӣ карда, миёни чанд нафар ташвиқот мебурд. Ҳатто як нафарро бар зери парчами ДИИШ барои анҷом додани амали террористӣ дар қаламррави Русия, омода намудааст. Моҳи декабри соли 2017 шаҳрванди Тоҷикистон дастгир шуд.

Додгоҳи низомии минтақаи Шарқи дури Русия шаҳрванди Тоҷикистонро барои кумаки амали террористӣ гунаҳгор донист,  ӯро чор солу шаш моҳи зиндон маҳкум кард”, - иттилоъ додааст манбаъ.

ФСБ таъкид кардааст, ки додгоҳ ҳангоми судури ҳукм бар уҳда гирифтани гуноҳ ва пушаймонии маҳкумшударо ба назар гирифтааст.