Сентябр 28, 2018 18:59 Asia/Dushanbe
  • Баргузории иҷлоси сарони кишварҳои ИДМ дар Душанбе

Иҷлоси сарони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил рӯзи ҷумъа 28 сентябр дар бустонсарои ҳукумати шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон баргузор шуд.

Ба гузориши сомонаи Ховар, ин ҷаласа ба раёсати Эмомалӣ Раҳмон раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз шуд ва дар идома Сергей Лабедов дабири иҷроии ИДМ як соли фаъолияти Тоҷикистон ба унвони раиси давраии ин ҷомеаро мавриди арзёбӣ қарор дод.

Дар нишасти сарон низ Владимир Путин, Шавкат Мирзиёев, Нурсултон Назарбоев, Александр Лукашенко, Соронбой Ҷиянбеков, Илҳом Алиев, Игор Додун, раисони ҷумҳурии Русия, Узбакистон, Қазоқистон, Белорус, Қирғизистон, Озарбойҷон ва Молдова ва низ Никол Пашинян нахуствазири Арманистон ширкат карданд.

Дар нишасти Душанбе риёсати давраи ИДМ аз Тоҷикистон ба Туркманистон вогузор шуд.

Ҷолиб ин ки Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов раиси ҷумҳурии Туркманистон аз сафар ба Тоҷикистон худдорӣ кард ва ба ҷой ӯ Пурли Огомуродов муовини раиси девони вазирони Туркманистон дар иҷлоси сарони ИДМ ширкат кард.

ИДМ соли 1992 пас аз фурӯпошии Иттиҳоди ҷамоҳири Шӯравӣ таъсис шуд.