Сентябр 28, 2018 19:22 Asia/Dushanbe
  • Ҳадяи раиси ҷумҳурии Узбакистон ба ду кишоварзи тоҷик

Раиси ҷумҳурии Узбакистон рӯз панҷшанбе дар сафар ба Тоҷикистон ва боздид аз ноҳияи Турсунзода, ба ду кишоварзи маҳаллӣ ду мошини гаронбаҳои “Chevrolet Captiva” ҳадя кард.

Ба гузориши сомонаи русизабони "Подробно"-и Узбакистон, дар ин боздид Эмомалӣ раҳмон раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон Шавкат Мирзиёевро ҳамроҳӣ мекард.

Ин ду кишоварз бо номҳои Камол Муҳаммадумаров ва Неъмат Усмонов дар ширкатҳои кишоварзии "Боғи Сомон" ва "Ватан"-и ноҳияи Турсунзода, ки ҳаммарз бо кишвари Узбакистон аст, ба парвариши ангур машғул ҳастанд.

Ду раиси ҷумҳур дирӯз ҳамчунин аз корхонаи алюминийи Тоҷикистон дар Турсунзода дидан ва як коргоҳи муштаракро ифтитоҳ карданд.

Шавкат Мирзиёев раиси ҷумҳурии Узбакистон барои ширкат дар иҷлоси сарони ИДМ ба Тоҷикистон сафар кардааст.

Гуфтанӣ аст Мирзиёев танҳо раиси ҷумҳурии ширкаткунанда дар иҷлоси сарони ИДМ буд, ки Эмомалӣ Раҳмон раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон шахсан барои истиқбол аз ӯ ба фурудгоҳи байналмилалии Душанбе рафт.