Сентябр 28, 2018 20:20 Asia/Dushanbe
  • Боздошти як шаҳрванди Тоҷикистон дар Қирғизистон бо шиносномаи қалбакӣ

Марзбонони Қирғизистон ҳангоми вуруди мусофирони парвози Истамбул – Бишкек ба фурудгоҳи байналмилалии Манас, як шаҳрванди Тоҷикистонро ба иттиҳоми доштани шиносномаи қалбакӣ боздошт карданд.

Ба гузориши хабаргузории қирқизии Қир-ТАГ, ин шаҳрванди 33-солаи тоҷик ҳангоми гузаштан аз қисмати тафтиши шиносномаи фурудгоҳи пойтахти Қирғизистон боздошт шудааст.

Мақомоти марзбонии Қирғизистон гуфтаанд, шиносномаи ироашуда аз сӯи ин шаҳрванди тоҷик комилан тақаллубӣ аст ва вай пас аз боздошт, барои таҳқиқ дар бораи ин мавзӯъ ба идораи минтақаии кумитаи давлатии амнияти миллии ин кишвар таҳвил дода шудааст.

Коршиносон мегӯянд, пас аз шикасти гурӯҳи террористии ДИИШ дар Сурия ва Ироқ, теъдоде аз аъзои он талош мекунанд, ки бо шиносномаҳои қалбакии шаҳрвандии кишварҳои Осиёи Марказӣ аз Туркия вориди хоки кишварҳои ин минтақа шаванд.